Дайан Пфундштейн Чемберлен(Dianne Pfundstein Chamberlain), коршиноси сиёсати хориҷии Иёлоти муттаҳида ва амнияти байналмилал дар мақолае дар "The National Interest" навишт, ҳамалоти Амрико ва Бритониё ба Яман ба ҷои мутақоид кардани Санъо барои ақабнишинӣ, боис шуд то тазоҳуроти густардаи ҳомии Фаластин дар ин кишвар баргузор шавад.
Вай афзуд, Амрико, ки иддао мешавад қудратмандтарин артиши ҷаҳонро дар ихтиёр дорад натавониста яманиҳоро барои таваққуфи ҳамалот ба киштиҳои исроилӣ дар Дарёи Сурх мутақоид кунад.
Нависандаи мақола афзуд, ҳар роҳбурд ё интихобе, ки истифода аз зӯрро осонтар ё аз назари сиёсӣ камҳазинатар кунад, асарбахшии таҳдидҳои қаҳрии Иёлоти муттаҳидаро тазъиф мекунад.
Ин коршиноси масоили сиёсӣ гуфт, дар воқеъ Ҷон Кирби, мудири иртибототи роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Амрико дар посух ба ин суол, ки оё Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико моил ба истифода аз неруҳои заминӣ бошад, гуфт: "мо алоқае ба ҷанг бо Яман надорем."
Дар ин мақола омадааст, ҳушдори 3 январи Амрико ба Яман натавонист онҳоро водор ба ақабнишинӣ кунад ва ба ҳамин далел аст, ки ҳамалоти бештари Амрико ба ҳамон шева низ ноком хоҳанд монд.
342/